Номзад ба мақоми президенти Колумбия сенатор Мигел Урибе ду моҳ пас аз сӯиқасд вафот кард. Дар Ин бора хабаргузории “Блумберг” хабар додааст.
Ӯ 39 сол дошт ва марги ӯро ҳамсараш Мария Клаудия Тарасона тасдиқ кард. 7 июн Урибе дар ҷараёни чорабинии пешазинтихоботӣ дар Богота захм бардошт. Дарҳол пас аз сӯиқасд ҳамлагари 15-сола боздошт шуд. Президенти Колумбия Густаво Петро ба оилаи сенатор изҳори ҳамдардӣ кард ва изҳор дошт, ки тафтишот ва ҷустуҷӯи фармоишгари ҷиноят оғоз шудааст Мақомоти кишвар барои маълумот дар бораи ҳамла 730 000 доллар мукофотпулӣ эълон карданд. Урибе узви ҳизби консервативии “Маркази демократӣ” мебошад. Котиби давлатии ИМА Марко Рубио изҳор дошт, ки Вашингтон “ба таври қатъӣ сӯиқасд ба Уриберо маҳкум мекунад”.
Блоки рекламавӣ



