20 ноябр дар Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ маросими ҳавасмандгардонии пахтакорону кишоварзони беҳтарин баргузор шуд.
Дар ҳудуди заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ дар мавсими кишти соли равон дар 210,8 гектар пунбадона кишт карда шуд, ки 15 гектари он бо усули нави зери плёнка иҷро гардид. Хушбахтона, хоҷагидорон бо коркарди босифат ва риояи қоидаҳои агротехникию сари вақт бо об таъмин намудани пахта ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуданд.
Пахтакорони ноҳияи Рӯдакӣ то 20 ноябр нақшаи ҷамъоварии пахтаро 101 фоиз иҷро намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 қариб як баробар зиёд аст.
Блоки рекламавӣ



