Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми таъминоти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон», беш аз 50 ҳазор сокинони ноҳияи мазкур бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда мешаванд.
Аз МИҲД-и ноҳия иттилоъ доданд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми таъминоти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон», бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ва иштироки меҳмонон аз мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, маросими расмии оғози корҳои сохтмонӣ баргузор гардид.
Дар оғози ин маросим раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон, хонум Фурута Кейко, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, муовини якуми раиси Кумитаи ҳоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Достизода Абдулназиз, намояндаи Дафтари JICA дар Тоҷикистон Сейҷу ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Лоиҳа як ташаббуси бузургест, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони маҳаллӣ татбиқ мегардад. Самти асосии лоиҳа — беҳтар намудани низоми таъминоти устувори оби нӯшокӣ дар ноҳия мебошад. Дар доираи он сохтмони иншооти оби нӯшокӣ, шабакаҳои обрасонӣ ва насби таҷҳизоти зарурӣ барои 125 км қубури обӣ пешбинӣ гардида, беш аз 50 ҳазор сокинони ноҳия ва 7 деҳаи атроф аз он баҳраманд хоҳанд шуд.
Баён гардид, ки татбиқи лоиҳа натанҳо бо сохтмони инфрасохтор маҳдуд мегардад, балки ҷанбаҳои муҳими техникӣ ва омӯзишиву ташкилии соҳаи обрасониро низ дар бар мегирад. Аз ҷумла, ҷорӣ намудани системаи электронии ҳисобгирии об (smart billing), баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кормандони соҳа, омодасозии кадрҳо ва омӯзишҳои муштарак бо ХМК барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва хизматрасонии устувор пешбинӣ шудааст.
Лоиҳа ба беҳтар гардидани шароити санитариву гигиенӣ, таъмини оби тозаи нӯшокӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.

Ноҳияи Ҷомӣ: Беш аз 50 ҳазор аҳолӣ бо об таъмин мешаванд
Блоки рекламавӣ


