Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои 120 кӯдак муассисаи томактабӣ бунёд мешавад, ки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари кориаш ба ин ноҳия аз рафти сохтмони он дидан кард.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи ба номи Бӯстон Сулаймоноваи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо рафти корҳои сохтмонии бинои муассисаи томактабӣ барои 120 нафар кӯдак дар назди муассисаи таълимии №11 шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бино бо саҳми соҳибкорон сохта шуда, айни ҳол корҳои бетонрезӣ рафта истодааст. Иншоот дуошёна буда, аз ҳуҷраҳои хоб, гурӯҳи кӯдакона, ошхона, ҷойи ҷомашӯӣ, утоқи тиббӣ, утоқи директор иборат мебошад.
Бояд зикр намуд, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони беш аз 118 муассисаи таълимӣ ва 30 кӯдакистон идома дорад.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, ноҳияи Ҷомӣ

Ноҳияи Ҷомӣ: Барои 120 кӯдак боғча бунёд мешавад
Блоки рекламавӣ


