24 ноябр кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта гузориш доданд.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода имрӯз “Муждаи зафар” – ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода расонид, ки ин дастоварди меҳнаткашони ноҳия туҳфаи арзанда дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ шуд.
Соли ҷорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 7505 гектар пахта кишт гардида, тамоми захираву имкониятҳо барои ба даст овардани ҳосили фаровон истифода бурда шуданд.
Бо талошҳои рӯзафзуни пахтакорони заҳматқарин то имрӯз 18 ҳазору 287,1 тонна пахта истеҳсол шуд. Ин нишондиҳанда ба 100,2 фоизи нақшаи солона баробар буда, иҷрои нақша натиҷаи заҳмати садоқатмандонаи кишоварзон мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь