Аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 186 нафар сокинони ноҳия барои вайрон кардани талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ҷарима карда шуданд.
Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Файзиддин Умаров гуфт, ки давоми 8 моҳи соли 2025 кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия зимни гузаронидани 201 санҷиш 186 ҳолати вайрон кардани қонунгузории ҳифзи муҳити зистро ошкор карда, онҳоро ба маблағи 104 ҳазору 550 сомонӣ ҷарима бастанд. Ҷаримаи басташуда пурра ситонида шудаст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳия 15 санад дар масъалаи вобаста ба партофтани партов ба маблағи 5625 сомонӣ тартиб дода шуда, ин маблағ пурра руёнида шудааст.
Ӯ афзуд, ки дар ин давра баҳри тоза нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 26 маротиба аксияи тозагии маҳал, 26 маротиба аксияи тозагии роҳро ва 24 маротиба аксияи тозагии соҳилро гузарониданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин аксияҳо 10 ҳазору 400 нафар сокинони касбу кори гуногун ва 85 техника иштирок кардаанд. Қайд гардид, ки баҳри тозагии ҳифзи муҳити зист аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

Ноҳияи Балхӣ: Беш аз 180 кас ҷарима шуд
Блоки рекламавӣ


