Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ давоми 7 моҳу 15 рӯз  117 саги дайду ва бе соҳиб ба хотири эмин нигоҳ доштани сокинони ноҳия безарар гардонида шудаанд.

Директори  Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Отахон Сулмонов қайд кард, ки барои безарар кардани як саг 20 сомонӣ масраф мешавад.

Номбурда илова кард, ки то ҳол шумораи сагҳои дайду ва бесоҳиб дар маркази ноҳия зиёд аст, мақсади безарар кардани сагҳо эмин нигоҳ доштани сокинони ноҳия аз ҳамлаи онҳо мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь