Нишасти матбуотии раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар толори васеву барҳаво бо иштироки сарварони ҳамаи сохторҳои ҳокимияти иҷроияи ноҳия баргузор гардид. Олимбек Юлдошев маълумоти ба рӯзноманигорон дастрасгардидаро такроран ёдрас кард. Ягона бартарии раҳбар дар он буд, ки суханаш бурро, фаҳмо бо риояи талаботи забон буд, ки ҳозиринро ба гумонам чандон дилгир накард.

Дар муқоиса бо дигар ноҳияҳо ҷавобҳо муфассал буданд. Ба баъзеи онҳо худи раис, ба қисмати дигар, ки факту рақамҳои дақиқро талаб мекард, масъулин ҷавоб гуфтанд.

Ба саволи рӯзноманигор Мирзоаъзам Мақсудов дар бораи дастовардҳо дар соҳаи пахтакорӣ Олимбек Юлдошев гуфт, ки деҳқони ноҳия соли 2025 беш аз 12,2 ҳазор тонна пахта ғундошта, ҳосилнокии ҳар як гектар заминро то 21.9 сентнер расонданд. Ба гуфтаи раиси ноҳия, соли ҷорӣ таҷрибаи истифодаи навъҳои нави чигит, ки аз Ҷумҳурии Узбекистон харидорӣ шуд, идома дода хоҳад шуд.

“Навъҳои нави чигит ба баъзе хоҷагиҳо имкон доданд ки аз 35 то 40 сентнерӣ, баъзан то 51 сентнер ҳосил гиранд”, – иброз дошт Юлдошев.

Ба саволи иловагӣ дар бораи истифодаи мошинҳои пахтачинӣ дар ҷамъоварии ҳосили пахта, Олимбек Юлдошев гуфт, ки дар назар харидорӣ кардани 2-3 мошини пахтачинӣ ҳаст, аммо яке аз мушкилиҳо аз он иборат аст, ки қитъаҳои замини мо ба чиниши мошинӣ мувофиқ нест. Ва ин ҳолат бояд аввал ислоҳ гардад.

Маълум аст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гурезаҳои Афғонистон умр ба сар мебаранд. Ин ягона маҳалест, ки барои зиндагии мардуми гуреза аз кишвари ҳамсоя дар вилояти Суғд муайян шудааст.

Ба саволи камина дар бораи шумораи гурезаҳои афғон, ки то ҳол дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов зиндагӣ мекунанд, муовини раис Зумрад Муталибзода гуфт, ки ҳоло 42 оилаи гурезаҳо дар ду маҳал ҷойгир шудаанд. Ҷамъ 168 нафар. Як қисми онҳоро давлати Канада қабул кард.

Ба саволи мо “Оё нафаре ба ватани хеш баргашт?”-, гуфтанд, ки касе ҳам майли хоҳиши ба Ватан баргаштанро накардааст ва барнагаштааст.

Ба саволи дигари мо дар бораи муносибатҳо бо Қирғизистони ҳамсоя, Олимбек Юлдошев гуфт:

“Муносибатҳо дар сатҳи баланд қарор доранд, ҷонибҳо бо ҳамдигар тиҷорат мекунанд, рафтуомад доранд. Оилаҳое, ки бо сабаби иваз шудани баъзе минтақаи заминҳо кӯч бастанашон лозим омад, пурра бо замин ва хонаву ҷой таъмин гардидаанд. Аз сабаби он, ки шумораи муҳоҷирони иҷборӣ аз ҷониби Қирғизистон зиёд буд ва шумораи ҳавлиҳои ба ихтиёри Тоҷикистон гузашта низ, ҳама ҳисобу китоб шудааст ва мувофиқи созишҳо ҷубронпулӣ пардохт мешавад”.

Раиси ноҳия ҳамчунин қайд кард, ки ба деҳқонони дар ихтиёр замини аз Қирғизистон иҷорагирифта доштанд, барои пешбурди зиндагиашон замин ҷудо карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь