Тибқи нақшаи тасдиқшуда, соли равон кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар масоҳати 4695 гектар пахта кишт намуданд. Онҳо 12 ҳазору 532 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 100,02 фоиз баробар аст. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷаббор Расулов хабар доданд.
Деҳқонони ноҳия аз аввали мавсим фаъолнокӣ нишон дода, аз пешсафони маъракаи пахтачинӣ буданд. Бо меҳнати шабонарӯзии хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ва саҳмгузории ҳашарчиён нақшаи истеҳсолӣ иҷро гардид.
Бояд гуфт, ки пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста шуда, тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мешавад.
Блоки рекламавӣ



