Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд кӯдакистон сохта мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Бинои кӯдакистон дуошёна буда, барои қабули 200 тарбиятгиранда пешбинӣ гардидааст. Сохтмони иншоот ба тариқи ҳашар идома дорад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистон кӯдакони деҳа аз шароити хуби таълиму тарбия баҳраманд мегарданд.
Блоки рекламавӣ



