Шаби 10-уми январи соли ҷорӣ, дар асоси хабари фаврӣ, кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, ба хиёбони Рӯдакӣ, бинои истиқоматии №95, ба таври фаврӣ ҳозир шуданд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки як гурӯҳ ноболиғон, дар манзили истиқоматии шаҳрванд Табаров Башар, бо мақсади таҷлили зодрӯзи ноболиғ В.Б., шабнишинӣ ташкил намуда, дар баробари нӯшидани машрубот, ҳамзамон бо садои баланд оромӣ ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Зимни кофтуков аз ноболиғон ду адад корд дарёфту мусодира гардид.
Нисбати соҳибхона-Табаров Башар, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки ноболиғон нушокиҳои спиртӣ ва маҳсулоти тамокуро аз мағозаи «Тим» харидорӣ намудаанд. Нисбати Қосимов Наврӯз-корманди мағозаи мазкур, бо моддаҳои 463 иловаи 2 ва 464 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Ҳамзамон, нисбати ноболиғ В.Б., барои вайрон намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», тибқи талаботи моддаи 481 ва нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол гардиданд.
Ин ҳодиса, бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки баъзе аз волидайн мутаассифона фарзандони худро бе назорат гузошта, дар таълиму тарбияи онҳо бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд. Ин бетафовутии волидайн метавонад боиси ба амалу кирдорҳои номатлубу ҷиноятӣ даст задани наврасон мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар аз шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват карда мешавад, ки нисбат ба тақдири оянда ва таълиму тарбияи фарзандони худ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.

Ноболиғони кордчабадаст дастгир шуданд
Блоки рекламавӣ


