Як гурӯҳ хонандагони МТМУ № 56 бо мақсади таҷлили ҷашни Наврӯз шумораи зиёди воситаҳои нақлиётро киро намуда, дар кӯчаҳои пойтахт қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Номбурдагон худро аз тирезаҳои воситаҳои нақлиёт ба берун бароварда, бо ин амал ҳолатҳои хатарнок ва садамавиро ба вуҷуд овардаанд.
Ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷа, 15 нафар ноболиғон ҳамроҳ бо волидайнашон ба шуъбаи милитсия дастрас карда шуданд. Нисбати падару модарони онҳо тибқи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Ҳамзамон, нисбати 5 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки дидаву дониста қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардиданд.
Бори дигар аз кулли шаҳрвандон, махсусан падару модарон, даъват карда мешавад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва дар таълиму тарбияи онҳо масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.

Ноболиғон Наврӯзро ба таври худ таҷлил карданд
Блоки рекламавӣ


