“Дар ин бора дар мулоқот бо раҳбарони фраксияҳои парлумонӣ сухан рафт” – хабар додааст ТАСС.
“Бекор кардани низоми патентӣ барои муҳоҷирон.. бояд фикр кард. Он ба таври васеъ истифода мешавад. Ман ҳеҷ чизро истисно намекунам. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки бо ҳамкоронатон дар ин мавзӯъ кор кунед” — посух дод Путин ба пешниҳоди Раиси ҳизби” Руссияи одилона “Сергей Миронов.Дар бораи зарурати бекор кардани низоми патентӣ роҳбари ҳизби “Руссияи одилона” Сергей Миронов беш аз як сол аст, ки сухан мегӯяд. Дар соли 2023 ӯ пешниҳод карда буд, ки патентҳоро бо иҷозатномаи корӣ иваз кунанд то ҳангоми гирифтани он муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аксбардорӣ ва бақайдгирии дактилоскопиро гузаранд. Патенти меҳнатӣ барои муҳоҷирони кишварҳои бидуни раводид барои кор дар Руссия зарур аст (ба истиснои шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё). Ин ҳуҷҷат танҳо дар минтақаи мушаххас ва соҳаи фаъолияти дар он зикршуда амал мекунад. Ҳоло арзиши патент вобаста ба минтақа фарқ мекунад. Соли 2025 барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мехоҳанд дар Маскав кор кунанд, он дар як моҳ 8,9 ҳазор рублро ташкил медод. Дар Санкт-Петербург қимати он 6 ҳазор рубл аст.
Танҳо дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ маблағи андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ), ки аз фурӯши патентҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷети Руссия интиқол дода шудааст, 63 миллиард рубл ($804,5 миллион) – ро ташкил дод. Ин оморро тобистони соли гузашта сардори Раёсати муҳоҷирати ВКД Руссия Валентина Казакова эълон карда буд.

Низоми патентӣ барои муҳоҷирон барҳам мехӯрад?
Блоки рекламавӣ


