Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ба ҳалокат расида, 224 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи ҳодисаҳо 112 адад бештар будаю аз ин миён маҷрӯҳшудагон 141 нафар ва ҳалокшудагон 43 нафар зиёд аст, хабар дода шуд имрӯз зимни нишасти хабарии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.
Дар ҷумҳурӣ 564 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 ҳолат зиёд мебошад. Дар натиҷаи сӯхтор 14 нафар фавтидаанд, ки аз инҳо 6 нафарашон ноболиғ буда, 87 нафари дигар аз коми сӯхтор наҷот дода шудаанд. Маблағи зарари расида 15 миллиону 662 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Саодати Абдукарим
Блоки рекламавӣ