Дар давоми соли 2025 аз ҷониби мақомоти прокуратура 7 124 санҷиш гузаронида. 4 546 парвандаҳои ҷиноятӣ (аз ин 1503 парванда вобаста ба ҷиноятҳои коррупсионӣ) оғоз намуда, 67080 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 269758 нафар барқарор карда шудаанд. Як млрд. 980 млн. сомонӣ маблағи зарар (аз ин 1млрд. 6 млн. сомонӣ ба манфиати давлат) рӯёнида ва 162,6 ғектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Ба мақомот 47187 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, 13 828 адади онҳо бевосита баррасӣ ва аз ин миқдор 3448 адад қонеъ карда шудааст.
Дар самти назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон 6621 санадҳои эътиноӣ оварда, 10086 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 755 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 45,4 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шудааст.
Прокуророн назоратро ба 25080 парвандаҳои ҷиноятӣ таъмин намуда, аз ин 14041 парвандаро барои баррасӣ ба суд ирсол намуданд.
Муфаттишони прокуратура тафтиши 4481 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, дар рафти тафтиши пешакӣ 112 млн. сомонӣ, аз ҷумла 73,5 млн. сомонро ба манфиати давлат барқарор намудаанд.
Прокуророн дар баррасии 11941 парвандаи ҷиноятӣ ва 13059 парвандаҳои маданию оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои ғайриқонунии судҳо 800 эътироз овардаанд.
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ 19969 суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар воситаҳои ахбори омма 3560, аз ҷумла ба воситаи телевизион 1443, радио 1102, матбуоти даврӣ 1015 баромадҳо баргузор карда шудааст,

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь