Дар Руссия издивоҷи дурӯғини зани тоҷикистониро бо марди рус бекор карданд
Додгоҳи шаҳри Артёмовски вилояти Свердловск рӯзи 29-уми декабр дар Телеграмаш навиштааст, зани 34-сола аз Тоҷикистон соли 2022 барои дарёфти осони шаҳрвандии Руссия бо марди 39-солаи рус ақди никоҳ баст.
Таҳқиқ маълум кардааст, ки ин ду нафар ҳеч гоҳ ҳамзистӣ надоштанд ва издивоҷи онҳо бо қарори додгоҳ бекор карда шуд. Исми мард ва зан нашр намешавад.
Додгоҳ аз қазия замоне огоҳ шуд, ки ҳамсари пешинаи мард ва модари фарзанди ӯ аз ин издивоҷи сохта ба додситонӣ шикоят карданд. На марди рус ва на зани тоҷик дар мурофиаҳо иштирок накардаанд.
“Мард ҳоло дар ҷанги зидди Украина иштирок мекунад ва зан даъвати додгоҳро нодида гирифт,” — омадааст дар изҳороти додгоҳ.
Хоҳари мард гуфтааст, бародараш аз зани тоҷик 30 ҳазор рубл гирифта, ба ақди шашмоҳа розигӣ дода, вале баъди ин бо кадом сабабе ҷудо нашуд. Бо қарори додгоҳ, марду зан ба фоидаи давлат бояд 1500 рубл ҷарима супоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь