30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро расман мавриди истифода қарор доданд.
Корхона бо саҳми соҳибкорони ватанӣ Ниёз Ниёзов ва Саъдӣ Ниёззода баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 июли соли 2023 зимни ифтитоҳи расмии нахустин корхонаи коркард ва банду басти чормағзи заминӣ дар минтақа, ки бо иқдоми ин соҳибкорони ватандӯст таъсис дода шудааст, онҳоро ҳидоят намуда буданд, ки амалу иқдомҳои шоистаро идома дода, боз як корхонаи муосири саноатӣ барои рушди ноҳияи Мастчоҳ бунёд намоянд. Соҳибкорон бо назардошти талабот ба хишти сохтмонӣ ба бунёди ин корхонаи муосир иқдом намуданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори соҳа ва таҷҳизоти технологии муосири ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст.
Сохтмони иншооти истеҳсолӣ соли 2024 оғоз ёфта, дар муддати 1 солу 8 моҳ ин корхонаи муосир оид ба истеҳсоли масолеҳи хишти сохтмонӣ ба фаъолият омода гардид. Ин корхонаи дуюми хиштбарории ширкати Ҷаъфар-2014 мебошад. Корхонаи якуми соҳибкорон дар минтақаи Обшорони ноҳия фаъолият мекунад.
Дар корхонаи навбунёд истеҳсоли хишти пухтаи сохмонӣ дар технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори хатти технологии корхона истеҳсоли 80 ҳазор дона хишти пухта дар як шабонарӯз мебошад. Аз рӯи ин иқтидор дар корхона дар як сол зиёда аз 24 млн. дона хишти сохтмонӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар корхонаи навбунёд беш аз 50 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Ниёзовҳо дар Мастчоҳи нав корхонаи истеҳсоли хишт таъсис доданд
Блоки рекламавӣ


