Сарвазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу нақшаи Президенти Амрико Доналд Трампро барои оташбас дар Ғазза қабул намуд. Вай қайд кард, ки нақша барои расидан ба ҳадафҳои низомии ҷониби Исроил ҷавобгӯ аст:
“Ман боварӣ дорам, ки имрӯз мо дар самти анҷоми ҷанг дар Ғазза ва омодагӣ ба тавсеаи сулҳ дар Ховари Миёна қадами муҳим мегузорем. Ман нақшаи шуморо барои хотима додан ба ҷанги Ғазза дастгирӣ мекунам, ки ҳадафҳои моро таъмин мекунад” – гуфт Нетаняҳу дар нишасти матбуотӣ бо Трамп.
Имрӯз Доналд Трамп ва Бинёмин Нетаняҳу Дар Вашингтон мулоқот карданд. Пас аз гуфтушунидҳо кохи Сафед нақшаи ҳалли низоъро дар Ғазза эълон кард. Он аз 20 нукта иборат аст. Ҳуҷҷат бозгашти ҳамаи гаравгонҳо, қатъи таҳдиди ҳаракати фаластинии “Ҳамас” ба Исроил ва афзоиши кӯмаки башардӯстона ба Ғаззаро дарбар мегирад.

Нетаняҳу нақшаи Трампро барои хотима додан ба ҷанги Ғазза қабул кард
Блоки рекламавӣ


