Президенти Амрико Доналд Трамп дар кохи Сафед гуфт, ки ба Бинёмин Нетаняҳу иҷозат намедиҳад, ки соҳили ғарбим Фаластинро ба Исроил ҳамроҳ кунад
“Ман намегузорам, Ки Исроил соҳили ғарбиро ба кишвараш ҳамроҳ кунад” – гуфт Трамп рӯзи панҷшанбе, як рӯз пеш аз суханронии Сарвазири Исроил дар Ассамблеяи Генералии СММ дар сӯҳбат бо хабарнигорон. “… Ин тавр намешавад»
– илова кард Президент. Вай ки рӯзи душанбе бо Бинёмин Нетаняҳу мулоқот дорад, инчунин изҳор дошт, ки созишномаи Газза “қариб наздик аст”.
Исроил зери фишори афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, то ҷанги Ғаззаро қатъ кунад. Дар айни замон мавҷи кишварҳои ғарбӣ давлати мустақили Фаластинро эътироф кард. Аммо, баъзе аз ростгароёни тундрав дар Исроил, ки ҷонибдорони асосии ҷаноби Нетаняҳу ҳисобида мешаванд, мегӯянд ҳамроҳ кардани соҳили ғарбӣ як ҳиллаест барои пешгирии татбиқи қарор дар бораи таъсис додани ду давлат.

Нетаняҳу ба ҳарфи Трамп гӯш мекунад?
Блоки рекламавӣ


