Дар Руссия марҳилаи дуввуми амалиёти “Нелегал-2025” идома дорад ва нерӯҳои амниятӣ муҳоҷиронро дар сохтмону бозор ва ҷойи хобу автобусҳо ҷустуҷӯву тафтиш менамоянд.
Маъмурини чанд ниҳод — пулису, амният ва ОМОН (гурӯҳи таъиноти махсус) ба яке аз сохтмонҳо дар маркази Хабаровск ворид шуда, даҳҳо муҳоҷирро барои тафтиши ҳуҷҷатҳо ба идораи муҳоҷират бурданд.
Онҳо се нафарро барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират хориҷ намуданд ва ду нафарро таҳдид ба зиндон кардаанд. Ба иттилои кормандони интизомӣ, ин муҳоҷирон пас аз гирифтани шаҳрвандӣ, қисми ҳарбиро тарк карда будаанд.
Дар Барнаул дар пайи амалиёти пулис дар дохили автобус 33 муҳоҷир боздошт ва аз Руссия ронда шудаанд.
Дар Челябинск ҳам амалиёти ҷустуҷӯву тафтиши муҳоҷирон дар қаҳвахонаву сохтмонҳо идома дорад.
Ба иттилои расмӣ, дар 4 рӯзи амалиёт 17 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 19 ҷиноят дар самти муҳоҷират ошкор шуда, 135 нафарро аз Русия берун кардаанд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь