Неругоҳи барқи обии «Себзор», воқеъ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз санаи баистифодадиҳӣ- моҳи июни соли 2025 беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуда, дар таъмини боэътимоди аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаи Бадахшон бо неруи барқ саҳми назаррас гузоштааст.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки неругоҳ 26 июни соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.
Неругоҳи барқи обии «Себзор» аз 3 агрегат иборат буда, 11 МВт тавоноӣ дорад. Иқтидори истеҳсолии солонаи он зиёда аз 77,6 миллион кВт-соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тозаро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь