Дар НБО «Қайроққум» корҳои навсозӣ ва насбу васли таҷҳизоти муосир идома пайдо мекунанд. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

НБО «Қайроққум» яке аз иншооти муҳими энергетикии мамлакат ба ҳисоб рафта, 6 гидроагрегат дорад. Охирин агрегати неругоҳ ҳанӯз соли 1957 бо тавоноии лоиҳавии 21 МВт ба истифода дода шудааст. Бо гузашти 68 сол таҷҳизоти асосии неругоҳ фарсуда гардида, иқтидори истеҳсолии он то 12 МВт кам шудааст.

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 дар неругоҳ корҳои навсозӣ оғоз ёфта, давоми беш аз панҷ сол гидроагрегатҳои №4, 5 ва 6 пурра навсозӣ шуданд. Иқтидори ҳар яки онҳо аз 19 ба 29 МВт зиёд шуд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи навсозӣ бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони ватаниву хориҷӣ якчанд таҷҳизоти муҳими неругоҳ, аз ҷумла таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳҳои идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, системаҳои назорату идоракунӣ ва дигар таҷҳизоти асосӣ аз Аврупо дастрас ва иваз гардидаанд.

Ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ, дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардидааст. Он бехатарӣ ва самаранокии интиқоли неруи барқро беҳтар мекунад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои навсозӣ ва насбу васли таҷҳизоти муосир дар НБО «Қайроққум» шинос шуда, ҷараёни татбиқи лоиҳаро мусбат номид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь