Барои истифода аз хидмати фолбину ҷодугар расман муҷозот таъин шуд
Ин ҷазо аз 31-уми июли соли 2025 мавриди амал қарор гирифт. Дар оянда онҳое, ки ба назди фолбину ҷодугару сеҳрдон рафта, аз хидмати онҳо истифода мекунанд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд ва аз 3750 то 4500 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар саҳифаи худ дар “Телеграмм” навишт, ки тағйироти зарурӣ оид ба манъи истифода аз хадамоти фолбину ҷодугару сеҳрдонҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, аз 31-уми июли соли 2025 мавриди амал қарор гирифт.
Пешниҳоди муҷозот барои истифода аз хадамоти ҷодугару фолбину сеҳрдон аз сӯйи ҳукумати кишвар ба парлумон пешниҳод шуда буд.
Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дод, ки ба моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иловаи 1 (истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин) ворид шуд:
“Тибқи талаботи моддаи мазкур, нисбати шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинон рафта, аз чунин хизматрасониҳо истифода мебаранд, ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 50 (3750 сомонӣ) то 60 (4500 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст”,

Назди ҷодугар? 4500 сомонӣ ҷарима супор!
Блоки рекламавӣ


