Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳмутулло Азиз” рӯзи 29 январ нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО-и минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” Назарзода Ҷумахон иштирок дошт ва оиди ҷамъбасти нимсолаи якуми соли таҳсили 2025-2026 ва ҷамъбасти соли 2025 баромад кард.
Назарзода Ҷумахон иброз дошт, ки сохтмони бинои хобгоҳи донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад. Буҷаи сохтмон 33 млн 595 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То имрӯз ба маблағи 22 млн 110 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳ ба анҷом расонида шудаанд. Раванди таълим пайваста бо ҷиҳозу аёнияти муосир, аз ҷумла электронӣ таъмин карда шуда истодааст. Айни замон шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 210-адад, принтерҳо 60-адад, тахтаҳои электронӣ 14-адад, проектори мултимедӣ 22-ададро ташкил медиҳад. Айни замон Коллеҷ дорои 5 бинои таълимӣ, 1 бинои хобгоҳ барои донишҷӯён, 3 ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ, 1 маркази таълимӣ-истеҳсолии фармасевтӣ бо дорухонаи таълимӣ, 1 маркази таълимӣ-табобатии стоматологӣ бо устохонаи дандонсозӣ, 1 маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, 152 кабинети таълимӣ. 3 синфхонаи компютерӣ, 1 майдончаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ, 1 толори маҷлис барои 110 нафар ва 1 китобхона мебошад. Дар муассиса шумораи камераҳои мушоҳидавӣ ба 78 адад расонида шудаанд.
Дар соли 2025 аз тарафи омӯзгорони кафедраҳои гуногун 60 дарси кушоду намунавӣ, 15 конференсияи илмӣ-назариявӣ, сиёсӣ ва амалӣ, 17 мизи мудаввар ва 8 озмуни фаннӣ ташкилу баргузор карда шудаанд. Дар қиёс нисбат ба сессияи зимистонаи соли таҳсили 2024-2025 дар сессияи тобистонаи соли таҳсили 2024-2025 сифат ба +0,1% ва азхудкунӣ ба +0,2% боло рафтааст. Нақшаи қабул барои соли таҳсили 2025-2026 аз ҷониби маркази тестӣ ба 105,09 % иҷро гардид. Айни замон дар муассиса 3986 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд.
Аввалин шуда хабарнигори рӯзномаи “Ваҳдатсаро” Темуршоҳи Файзалӣ суол дод, ки сохтмони бинои хобгоҳи нави донишҷӯёни КТК бахшида ба 35-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад, ё на?
– Бинои хобгоҳи нави донишҷӯёни КТК бахшида ба 35-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода намешавад, зеро ҳанӯз корҳои сохтмонии зиёд дар бино ба итмом нарасидаанд. Ба ҳисоби фоиз то ба имруз 66% корҳои сохтмонии бино ба итимом расонида шудааст. Имсол аз ҳисоби ВТ ва ҲИА 3,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. – посух дод роҳбари муассиса.
Олимҷон Носирзода, хабарнигори ТВТ суол дод, ки дар КТК донишҷӯёне, ки тариқи шартномавӣ дохил шудаанд ва бо баҳои аъло таҳсил мекунанд аз супоридани маблағи шартнома озод карда мешаванд?
Назарзода Ҷумахон роҳбари КТК ҷавоб дод, ки дар муассисаашон чунин иқдом нест. Лекин фикри хуб ва инро ба инобат мегиранд ва агар донишҷӯёне, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ дар озмунҳо ҷой гиранд метавонанд ин корро амалӣ намоеянд.
– Дар муасиссаи шумо солҳои пеш дар ноҳияҳои минтақа гурӯҳҳои мақсаднок фаъолият мекарданд. Имрӯз ҳам ин гурӯҳҳои мақсданок дар муассиса ҳастанд ва дар кадом ноҳияҳо? – чунин буд суоли Ширинҷон Сафарзода, хабарнигори ТВС.
– Бо сабаби таъмин шудан бо мутахассисони дорои маълумоти ибтидоии касбии тиббӣ дар минтақа ин гурӯҳҳо баста шуданд. Хушбатона, бо сабаби ноҳияи калон ва сераҳолӣ будан имсол дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо шумораи 60 нафар иҷозати чунин гурӯҳ дода шуд ва минбаъд номи ин гуруҳҳо мақсаднок неву гурӯҳҳои таълимӣ муарифӣ мешаванд ва имсол тариқи маркази миллии тестӣ довталабон қабул карда мешаванд.
Дар охири нишасти матбуотӣ Назарзода Ҷумахон рӯзноманигоронро ба ҳамкории судманду манфиатбахш даъват карда, нишасти матбуотии мазкурро дар пешрафти кори муассиса ба манфиат арзёбӣ намуда, ҳамчунин, ба рӯзноманигорон изҳори ташаккур намуд.
Билоли Шамс, ш. Кулоб



