Ҷашни байналмилалии Наврӯз барои миллати тоҷик арзиши бузурги таърихию фарҳангӣ дошта, меҳрофарӣ, нуру равшангароӣ, зебоӣ, дӯстӣ, ҳамнавоӣ бо табиату Замин, пайдо намудани неруи тоза ва ободкорию накӯкориро таҷассум менамояд.
Кормандони бонк бо завқи баланди миллӣ ва эҳсоси зебоипарастӣ анъанаҳои милии наврӯзиро пешниҳод намуданд. Инчунин барномаи фарҳангӣ бо саҳнаҳои рангин, суруду таронаҳои дилангез ва иҷрои ҳунармандонаи кормандон фазои идонаро боз ҳам ғанӣ гардонида, ҳозиринро эҳсоси ифтихори миллӣ ва шодмонӣ фаро гирифт.
Гуфта шуд, ки Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, куҳантарин ойини миллӣ дар ҷаҳон аст. Ривоятҳо дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн зиёд буда, он аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст. Наврӯз на танҳо таърихи бой, балки маънию фалсафа, ҳикмати зиёд ва арзиши бебаҳои илмӣ дорад.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва дастгирии давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушию шодмонӣ меорад, балки айёми созандагию ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар хонадон, маҳалли зист ва дар маҷмуъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

Наврӯзии «Саноатсодиротбонк»
Блоки рекламавӣ


