Имрӯз дар толори ҶСК “Барқи Тоҷик” бо иштироки роҳбарият ва кормандони ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Чорабинӣ дар фазои идона оғоз гардида, зимни он муовини Директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Баҳодур Усмонов доир ба таърихи ғанӣ, рисолати инсонпарварона ва арзишҳои фарҳангии Наврӯз суханронӣ намуда, аҳамияти ин ҷашни куҳанро ҳамчун рамзи эҳё, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ таъкид кард.
Дар идома, ҳайати ҷавонони ҷамъиятҳо бо қироати шеърҳои пурмуҳтаво дар васфи баҳору Наврӯз ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, рӯҳияи ҳозиринро болида гардониданд.
Қисмати фарҳангии барнома бо ҳунарнамоии Гуласал Пулодова — Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом ёфт. Сурудҳои дилнишину ҷаззоби ӯ фазои идонаро боз ҳам рангин намуда, хотири аҳли толорро шод гардониданд.
Чорабинӣ дар рӯҳияи ваҳдат, эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва истиқболи гарму самимии ҷашни Наврӯз ҷамъбаст гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь