Дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз — аз 20 то 25 марти соли 2026 қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дар доираи хатсайри ягона пайваст мекунад. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд.
Ба хатсайр шаҳрҳои Алма – ато, Туркистон, Самарқанд, Душанбе ва Тошканд бо бозгашт ба Алма- ато дохил мешаванд. Барномаи сафар бо қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») шиносоӣ бо фарҳанг, анъана ва мероси мусиқии халқҳои Осиёи Марказиро инъикос мекунад.
Қарор дар бораи ташкили қатораҳои сайёҳӣ байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон охири соли 2024 қабул гардид. Соли 2026 якум бор масири лоиҳа то Душанбе –пойтахти Тоҷикистон дароз гардид.
Блоки рекламавӣ



