“Ширкати «UTK International Logistics Co. Ltd» 17 феврал аввалин қатораи контейнерии озмоиширо дар хатсайри Чин-Тоҷикистон фиристод”, – хабар додааст Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Корхонаи муштараки «UTK International Logistics Co. Ltd», ки дар Чин бо иштироки ҶДММ «Узтемирйулконтейнер» таъсис ёфтааст, аввалин қатораи контейнерии озмоиширо муваффақона аз Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристод. Лоиҳаи мазкур дар доираи татбиқи созишномаҳо оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва рушди робитаҳо, ки соли 2025 дар мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон  ба имзо расидаанд, амалӣ гардид.

Қатора аз 8 контейнери чилфутӣ (1 фут баробари 0,3 метр) иборат аст, ки ба онҳо молҳои мавриди ниёзи мардум ва техникаи сохтмонӣ бор карда шудаанд. Қатораи вагонҳо аз истгоҳи Ланчжоу, музофоти Гансуи Чин ҳаракат намуда, тавассути  хатсайри «Чин –  Қирғизистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон» то ба истгоҳи роҳи оҳани  «Душанбе-2»-и Тоҷикистон меояд. Дарозии умумии хатсайр зиёда аз 3 500 километрро ташкил дода, вақти интиқоли бор 18-20 рӯз аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь