Бо қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расидааст.
Тибқи қарор, шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун ҳамоҳангсози «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2026» муваззаф карда шудааст.
Дар асоси тақвим дар рӯзҳои баргузории Иди байналмилалии Наврӯз дар пойтахт чанд чорабинӣ, аз ҷумла Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», маросими истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз аз баландтарин мавзеи шаҳри Душанбе, барномаи театришуда бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ», Фестивали «Таомҳои миллӣ», Фестивали «Бозиҳои варзишии наврӯзӣ», барномаҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои пойтахт бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали дӯстии ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ», намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, Мусобиқаи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» баргузор карда мешаванд.
«Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2026» дастраси ширкатҳои сайёҳӣ гардонида шуда, бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва ба фурӯш бароварда мешаванд.
Ҳамчунин дар асоси тақвим аз ҷониби масъулон видеороликҳои тарғиботӣ оид ба баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ бо сифати баланд дар «Google Диск» нигоҳдорӣ карда шудаанд, ки хоҳишмандон метавонанд онҳоро тавассути QR-рамз боргирӣ намоянд.
Тақвим бо мақсади рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил мегардад. Дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд. Ин ҳама иқтидори фарҳангии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг намудааст.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз» дар шаҳри Душанбе маротибаи аввал соли 2025 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ ва дастраси ширкатҳои сайёҳӣ гардонида шуда, бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва ба фурӯш бароварда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь