Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини нахустин бозиро дар мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи «Ҷоми Истиқлолияти Индонезия-2025» мусовӣ (2:2) анҷом дод.

Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ки голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Зариф Зарифзода ва Назрулло Ашурализода заданд. Бозии навбатии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 15 август ба муқобили тими наврасони Мали, ки дар даври аввал бар дастаи Узбекистон (5:1) пирӯз шуданд, доир мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь