Додгоҳе дар Руссия як зодаи ҳабдаҳсолаи Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” панҷуним сол аз озодӣ маҳрум кард.
Расонаҳои русӣ 15-уми январ навиштанд, ин зодаи Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” савганди садоқат ёд карда, дар телеграм-каналаш ба тарафдории террористон таблиғот бурдааст.
Ба гуфтаи падари наврас, ӯ аз он ҳайратзада шуд, ки писараш мехост, ба Афғонистон равад. Бо қарори додгоҳ ин наврас панҷуним солро дар муассисаи ислоҳотии тарбиявӣ мегузаронад.
Бо қарори Додгоҳ, наврас ҳамчунин ҳақ надорад баъди озод шудан, давом се сол сомонаҳои интернетиро идора кунад. Додситон гуфтааст ӯ гуноҳашро пурра ба гардан гирифтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь