Нахустин шумораи маҷаллаи «Навиди илм»-и Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуд.
Тавре аз ин кумита иттилоъ доданд, муассисаи давлатии маҷаллаи илмии «Навиди илм» моҳи марти соли равон таъсис ёфта, ба сифати минбари муътамади илмӣ ҳадаф дорад, ки натиҷаҳои таҳқиқоти муҳаққиқони ҷавон, магистрантон, аспирантон, докторантон ва дигар олимону пажӯҳишгаронро дар муҳити илмии ватанию хориҷӣ чоп кунад.
Шумораи аввали маҷалла нашр шуда, пешкаши хонандагону муҳаққиқон гардид. Дар он аз рӯйи 17 самти илм 37 мақолаи илмию назариявии муҳаққиқони ватанию хориҷӣ пешниҳод гардидааст.
Маҷалла дорои сомонаи расмӣ бо суроғаи www.navidiilm.tj ва почтаи электронии navidi-ilm@mail.ru аст. Тавассути онҳо муҳаққиқон метавонанд оид ба самтҳои фаъолият, талаботи нашр ва имконияти ҳамкорӣ маълумоти бештар мегиранд.
Ҳайати таҳририя ва кормандони маҷалла бо дарки масъулияти баланд кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда низ нашрияи «Навиди илм» ба манбаи боэътимоди илмӣ табдил ёфта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар бахши илм ва инъикоси дастовардҳои муҳаққиқони ватанию хориҷӣ саҳм гузорад.

«Навиди илм» ба дасти хонанда расид
Блоки рекламавӣ


