Дар шаҳри Парижи Фаронса Чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорон оғоз гардид, ки дар он Тоҷикистон 9 нафар намояндагӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар чемпионат 2429 варзишгари собиқадор аз 66 давлат ширкат доранд. Онҳо дар 9 синну сол миёни мардҳо ва 9 синну сол миёни занҳо барои ҷоизаҳо талош мекунанд.
Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳабибулло Маҷидов, Азамат Исоев (-81 кг), Хайрулло Назриев (+100 кг), Холмаҳмад Шарипов, Саламшо Муҳаббатов, Бозоралӣ Маҳмудов (-90 кг) (-90 кг), Исмоил Исломов, Фарҳод Ризозода (-100 кг) ва Бахтиёр Исмоилов (-73 кг) шомиланд. Онҳо дар се синну сол гӯштӣ хоҳанд гирифт.
Умаралии Сафаралӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь