Дар оғози соли 2026 хонадагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар бори дуюм аст, ки бо нишон додани маҳорати баланди худ соҳиби 91 медал мешаванд.
Хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар дар даври миллии Олимпиадаи байналмилалии “TeenEagle” аз фанҳои забони англисӣ ва математика ширкат варзида сазовори панҷ ҷойи якум, ҳашт ҷойи дуюм ва ёздаҳ ҷойи сеюм гардида ба даври байналмилалӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин бора аз Шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар иттилоъ доданд.
Ба гуфти манбаъ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар чанде пеш дар даври миллии Олимпиадаи байналмилалии JEO–SEO аз фанни забони англисӣ ширкат варзида, бо дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ (4-ҷойи якум, 10- ҷойи дуюм ва 53- ҷойи сеюм) мақоми шаҳри Бохтарро бори дигар дар арсаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Ин ҳама дастоварди хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар натиҷаи таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат ба соҳаи маориф ва дастгирии ҳукумати шаҳр ба ин соҳа ва заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти Шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар ва омӯзгорони ботаҷриба мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь