Дар Ереван семинари “Роуз-Рот” – и Ассамблеяи Парламентии НАТО баргузор шуд, ки мавзӯи он муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва амният дар Қафқози Ҷанубӣ буд. Тавре Сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, таҳкими шарикӣ бо НАТО яке аз афзалиятҳо дар баробари ба эътидол овардани муносибатҳо бо Озарбойҷон ва Туркия аст.
Наздикшавии Ереван бо НАТО сарфи назар аз огоҳиҳои Маскав дар бораи нақши нооромкунандаи Иттиҳоди Аврупо дар Қафқози Ҷанубӣ сурат мегирад. Дар ин замина, ҳизби нави мухолифи “Модари Арманистон” ҷонибдори нигоҳ доштани муносибат бо Маскав буд ва Пашинянро “зоғи сиёҳи ҷанг”номид.
Блоки рекламавӣ



