Нашриёти «Китоби Кобул», ки фаъолияти худро аз соли 2017 дар Кобул оғоз карда ва баъд аз таҳаввулоти сиёсии Афғонистон равиши мутафовитеро пеш гирифт, имрӯз фаъолияташро аз Торонтои Конодо идома медиҳад. Ин нашриёт тайи наздики шаш сол даҳҳо унвон китобро чоп карда, ба дасти хонандагон дар Омрико, Конодо, Австролиё ва кишварҳои урупоӣ расонидааст.

«Китоби Кобул» бо тамаркуз ба нашри осори фарҳангиёни афғонистонии дур аз ватан, дар интихоби мавзуъ, вироиши дақиқ, сафҳаороии зебо ва кайфияти болои чоп шинохта шудааст. Истифода аз ISBN -и муътабар низ ҳамеша дар дастури кори ин маҷмуъа қарор дорад. Ҳавзаҳои фаъолияти «Китоби Кобул» адабиёт, дин, таърих ва ҳунарро дарбар мегирад ва то кунун осори арзишманд ва муҳиммеро ба ҷомеаи фарҳангӣ арза кардааст.

Собиқаи ҳамкорӣ бо нависандагони тоҷик

Қобили зикр аст, ки иқдоми ахири «Китоби Кобул» дар чопи осори нависандагони тоҷик, аввалин таҷрибаи ин нашриёт нест ва пеш аз ин низ чанд асар аз шоирону нависандагони Тоҷикистон тавассути ин ношир ба зевари табъ ороста шуда буд, аз ҷумла:

  • Китоби пажуҳишии «Абушакури Балхӣ», асаре аз доктор Анзурати Маликзод.
  • Маҷмуаи шеъри «Паррандаҳои махмалӣ» аз хонум Гулнози Тоҳириён, ба кушиш ва баргардони Исмоил Лашкарӣ.
  • Китоби пажуҳишии «Муруре бар шеъри муосири Тоҷикистон», асари дигаре аз Исмоил Лашкарӣ.

Ин феҳрист, нишондиҳандаи умқи ҳамкории «Китоби Кобул» бо нависандагони тоҷик ва тааҳҳуди ин нашриёт ба тақвияти пайвандҳои фарҳангӣ миёни ду миллати ҳамзабон аст.

Суҳроби Зиё

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь