Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон нархи сафари ҳаҷҷи фарзӣ барои соли 2026-ро эълон кард. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин гуфтааст имсол нархи сафари ҳаҷ барои ҳар зоир 53 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин маблағ назар ба соли гузашта 4 ҳазор сомонӣ камтар аст. Зоҳиран паст шудани қурби доллар дар баробари асъори милли сомонӣ боиси коҳиши нархи сафари ҳаҷ шудааст.
Дар Кумитаи дин гуфтанд, нархи сафари ҳаҷ моҳи декабри соли гузашта муқаррар шуда, довталабон аллакай маблағҳои худро супориданд. Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 5-6 ҳазор кас барои адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Соли 2025 Арабистон барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо карда буд.
Дар назар аст, ки имсол зоирон тақрибан моҳи май ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Кумитаи дини Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар мавсими ҳаҷҷи фарзӣ бидуни раводиди ҳаҷ ба Арабистон сафар накунанд, чун метавонанд боздошт шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь