Бо наздик омадани соли нав мақомот дар шаҳру минтақаҳои мухталифи Руссия тасмимашонро дар бораи боло бурдани нархи патент, барои фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар, эълон намудаанд.
Дар вилояти Новосибирск гуфтаанд, қимати иҷозатномаи корро 11 дар сад боло мебаранд, аз соли 2026 нархи патент дар ин вилоят 10 ҳазору 860 рублро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли ҷорӣ, 2950 рубл бештар аст. Мақомоти ин вилоят гуфтанд, аз 58 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Новосибирск 37 ҳазор нафарашон тоҷиконанд.
Маблағи ҳармоҳа барои иҷозати кор дар Санкт – Петербург низ аз якуми январ аз 6 ҳазор рублӣ русӣ ба 8 ҳазор мерасад. Ин афзоиш ҳам ба Санкт Петербуг ва ҳам ба вилояти Ленинград дахл дорад.
Дар вилояти Иркутск ҳам муҳоҷирон барои патент, ба ҷойи 10 ҳазору 900 рубл бояд 12 ҳазору 231 рубл пардохт намоянд. Дар Камчатка рӯзи 28-уми октябр эълон кардаанд, ки қимати патент аз 9 ҳазору 27 рубл ба 13 ҳазору 776 рубл боло бурда мешавад.
Дар вилояти Свердловск қарор шуд, ки барои муҳоҷирон аз соли нав патент бо арзиши 9 ҳазору 500 рубл пешниҳод гардад. Ҳоло нарх 7 ҳазору 500 рубл аст.
Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.
Моҳи гузашта Президенти Руссия дар мулоқоташ бо ҳизбҳои Думаи давлатӣ масъалаи бекор кардани патент ва тариқи саҳмияҳо ба Руссия овардани муҳоҷиронро баррасӣ карда буд.

Нархи патенти муҳоҷирон дар Руссия зиёд мешавад
Блоки рекламавӣ


