“Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз якуми сентябри соли 2025 нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои ҳамаи истифодабарандагони пойтахт тағйир ёфт” – хабар додаанд аз аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Тибқи қарор, барои онҳое, ки пули обро аз тариқи ҳисобкунак пардохт мекунанд, нархи оби нӯшокӣ чунин муқаррар гардид:
барои аҳолӣ: 2,60 сомонӣ барои 1 м³
ташкилоти буҷетӣ: 3,59 сомонӣ барои 1 м³
ташкилоти тиҷоратӣ: 9,10 сомонӣ барои 1 м³
Илова бар ин, тартиби пардохт барои муштариёни аҳолӣ, ки бо ҳисобкунаки обӣ насб нашудааст, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011 чунин муқаррар карда шудааст (сарикасӣ дар як моҳ барои 1 нафар):
барои биноҳои баландошёна — 28,07 сомонӣ;
барои ҳавлиҳои хусусии бо об ва канализатсия таъмин — 23,39 сомонӣ;
барои хонаҳое, ки аз калонка ё ҷӯмакҳои наздиҳавлигӣ истифода мебаранд — 7,41 сомонӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь