Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ба андозаи 4 дарсад поён шудааст.
Агар як литр гази моеъ 4 сомониву 90 дирам арзиш дошт, рӯзи 2-юми сентябр арзиши он то ба 4 сомониву 60 дирам поён рафт.
Арзиши сӯзишворӣ маъмулан ба макони ҷойгиршавии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ вобаста аст. Фарқияти нарх дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна ҳудуди 10 дирамро ташкил медиҳад.
Аз оғози сол нархи 1 литр гази моеъ дар Душанбе қариб 40 дарсад, яъне аз 7 сомониву 50 дирам дар моҳи январ то 4 сомониву 60 дирам дар моҳи сентябр, поён рафт.
Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон ва миқдори ками онро аз Русияву Узбекистон ворид месозад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь