Нархи нафти навъи Brent дар бозорҳои минтақаи Осиё рӯзи 9-уми март якбора боло рафта, нархи як бушкаи он ба қариб 120 доллар расид.
Аз тобистони соли 2022 то ин вақт ин бори аввал аст, ки нархи нафти навъи Brent ба ин сатҳ мерасад.
Бино ба нишондодҳои бозори биржаи ICE дар Лондон, қиммати нафти Brent тақрибан 29 дарсад боло рафт.
Субҳ ба вақти Маскав арзиши ҳар бушка нафт 116 долларро ташкил медод, вале дертар он то ба 107 доллар гардид.
Болоравии якбораи нархи маводи сӯхт ба ҷанг дар Ховари Миёна ва ҳамлаи Амрико ва Исроил алайҳи Эрон вобаста аст.
Ҳамлаҳои низомӣ ва баста шудани гузаргоҳи Ҳурмуз сабаби асосии афзоиши қимати нафт мебошад. Беш аз 20 дарсад аз нафти ҷаҳон аз тариқи ин гузаргоҳ мегузарад.
Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки болоравии нархҳо “баҳои хеле ночиз барои амният ва сулҳи Амрико аст”.
Ба гуфтаи Трамп, вақте таҳдиди барномаи ҳастаии Эрон аз байн бурда мешавад, нархҳо зуд поин мешаванд.

Нархи бушкаи нафт ба 120 доллар расид
Блоки рекламавӣ


