Мақомот мегӯянд, ҳадаф худкифо кардани ширкатҳои “Барқи тоҷик” ва шабакаҳои интиқолу тақсимоти барқ аст.
Дар ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, нархи ҳар киловат-соати барқ барои аҳолӣ 17 дарсад зиёд шуда, аз 35,36 дирам ба 41,37 дирам боло бурда мешавад. То кунун 100 киловат-соат нерӯи барқ 35 сомонӣ мешуд, акнун каме бештар аз 41 сомонӣ хоҳад шуд.
Барои корхона ва идораҳо низ арзиши барқ мутаносибан 17 дарсад боло бурда мешудааст. Мақомот ҳадаф аз афзоиши нархи барқро ба рушди соҳаи энергетика ва расидан ба худкифоии ширкатҳои “Барқи тоҷик” ва Шабакаҳои интиқолу тақсими барқ рабт медиҳанд.
Гаронии арзиши барқ бо талаби Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифтааст.
Блоки рекламавӣ



