Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ба соҳаи томактабӣ таваҷҷӯҳи хоса равона гардида, дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хусусан раиси маорифпарвар Муминзод Абдулмаҷид ва мудири Шӯъбаи маориф Шоиста Абдуназарзода барои барои таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ҳама шароиту имконият фароҳам оварда шудааст, ки ин аз рушти ин соҳа дарак медиҳад.

Мудири муассисаи давлатии таълимию томактабии рақами 16-и ” Кабутар”-и шаҳри Бохтар Гулноза Сармисоқова гуфт, ки муассисаи томактабӣ дар тарбияву таълими насли нав нақши бориз доранд. Ӯ қайд кард, ки муассисаҳои томактабӣ кӯдаконро дар руҳияи устувории ирода, рафтори нек ва қобилияти дарки эҳсоси мақсаду хоҳиш, забонёбӣ бо ҳамсолон ва эҳтироми калонсолон ва дӯст доштани ватан тарбия менамоянд. Дар тарбиятгирандагони кӯдакистон қобилияти муошират кардан, худидоракунӣ ва мустақилият пайдо мешавад, ки ин хислатҳо дар оянда боиси инкишофи дуруст ва пешрафти онҳо дар ҷомеа мегарданд. Маҳорати муошират кардан бо кӯдакони дигар таҷрибаи аввалини иҷтимоӣ маҳсуб шуда, ба воситаи он кӯдак фикри худро иброз дош­та, ба фикри ҳамсолон гӯш доданро меомӯзад. Ӯ қайд кард, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд.

Сарвари давлат дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад. Бояд таъкид намуд, ки бо назардошти он ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, Ҳукумати мамлакат ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳад.

Зикр карда шуд, ки зинаи томактабӣ ё омӯзиши барвақтии кӯдак барои гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад.

Вазифаи кӯдакистон ба кӯдакон додани дониши замонавӣ, мукаммал сохтани маҳорату малакаҳои муайян, ҳозирҷавобӣ, ҳушёрию зиракӣ ва дигар сифатҳои ақлию зеҳнӣ мебошад, ки ин ҳама барои таҳсилу тадриси минбаъдаи кӯдакон дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил хеле зарур мебошад. Кӯдакистон бояд наслеро тарбия кунад, ки содиқу худогоҳ бошад, чунки эҳсоси гарми ватандӯстӣ аз кӯдакистон оғоз шуда, ин давраи шаклгирии мафкураи кӯдак мебошад. Раванди таълим дар кӯдакистонҳо бояд низоми миллӣ дошта бошад.

Дар фарҷоми суҳбат Гулноза Сармисоқова мудири муассисаи давлатии таълимию томактабии рақами 16-и ” Кабутар”-и шаҳри Бохтар қайд кард, ки мо ҷавонон мекӯшем фаъолияти худро беш аз пеш пурзур намоем ва баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Чунончи, Пешвои муаззами миллат аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мо аст ва албатта, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас сарф хоҳем намуд. Зеро кӯдакон ояндаи давлату миллат мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь