Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода рӯзи 4 сентябр дар ноҳияи Ашт бо раванди ҷамъоварии пахта шинос гардид.
Тибқи иттилоъи масъулин маъракаи пахтачинӣ дар ноҳия оғоз ёфта, то рӯзи 4 сентябр 232 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Нақшаи солонаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Ашт 14 200 тонна муқаррар гардидааст.
Айни замон қисми зиёди пахтазори ноҳия шукуфтаву чинакчиён дар ҳамаи хоҷагиҳои пахтакор ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд.
Раиси вилоят зимни боздид аз яке аз хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор дар маъракаи ҷамъоварии ҳосил ширкат варзида, таъкид намуд, ки пахта бояд сари вақт ва бе талаф ҷамъоварӣ карда шавад.
Ноҳияи Ашт аз калонтарин ноҳияҳои кишоварзии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад ва саҳми заҳматкашони он дар ғанӣ гардидани хирмани пахта назаррас аст.
Дар ҷараёни боздид Раиси вилоят бо тақдими туҳфаҳо ба чинакчиёни беҳтарин онҳоро ба фаъолияти боз ҳам беҳтар ҳавасманд намуда, ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки корҳо дар самти ҷамъоварии ҳосил боз ҳам ҷоннок гардонида шаванд.

Нақшаи пахта дар Ашт: 14200 тонна
Блоки рекламавӣ


