Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат пурра иҷро гардид. Дар ин хусус аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд
Дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро пурра иҷро намуданд.
Чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе низ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаро пурра ба анҷом расониданд.
Масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ иҷрои нақшаи даъватро пеш аз муҳлат амалӣ намуданд.
Вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ сари вақт ин маъракаи муҳими сиёсиро ба анҷом расониданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь