Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи даъват дар ҳудуди ҷумҳурӣ 98 фоиз иҷро шуд. Дар ин хусус аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои муҳими давлатӣ ба шумор меравад, ки ҳамасола дар ду мавсим ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Ҳоло дар саросари мамлакат даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ идома дорад. Дар рӯзи якуми даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро пурра ва дар сатҳи баланд иҷро намуд.
Фаъолияти назарраси масъулини самти даъват дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боиси он гардид, ки онҳо низ нақшаи пешбинигардидаро сад фоиз ва пеш аз муҳлати муқарраргардида иҷро намуданд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ин маъракаи муҳим идома ёфта, бо гузашти қариб панҷоҳ рӯз нақшаи даъват дар вилояти Суғд зиёда аз 96 фоизро ташкил дод. Ҳоло шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Истиқлол, Бӯстон, Гулистон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Исфара, Хуҷанд ва Бобоҷон Ғафуров нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пурра иҷро намудаанд.
Масъулини вобаста ба даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар давраи сипаригардида нақшаи пешбинигардидаро беш аз 97 фоиз иҷро карданд. Аз маҷмуи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Роғун, Файзобод, Турсунзода, Ҳисор ва Варзоб иҷрои нақшаро пурра таъмин карданд.

Нақшаи даъвати ҳарбӣ 98 фоиз иҷро шуд
Блоки рекламавӣ


