Дар даҳаи нахустини даъвати баҳорӣ 400 нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент ба хизмати модар – ватан гусел карда шуданд.
Дирӯз- 9 апрели соли 2026, дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 феврали соли 2026 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” қадами муҳим гузошта шуд.
Тавре аз комиссияи шаҳрии даъват ба хидмати ҳарбӣ иттилоъ доданд, шаҳри Панҷакент бо гусели 400 нафар ҷавон нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбиро дар вилояти Суғд нахустин шуда, пеш аз мӯҳлат ба иҷро расонид.
Таъкид шуд, ки дар ин даъват низ чун солҳои қаблӣ садҳо нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ, бо амри дил ва ифтихори баланди ватандӯстӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳр муроҷиат намуда, омодагиашонро барои хидмати Ватан изҳор доштанд.
Иҷрои пеш аз мӯҳлати нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ натиҷаи роҳандозии корҳои ташкилию тарғиботӣ ва сафарбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссияи шаҳрии даъват, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр ва эҳсоси баланди ватандӯстии ҷавонон дониста мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь