Ба хотири гиромидошти нобиғаи санъати театр ва кинои точик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон устод Аловуддин Абдуллозода, ки ҳамасола 15-уми май ҳамчун зодрӯзи устоди зиндаёд таҷлил мегардад, дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоишномаи “Зангирӣ ё дамгирӣ” баргузор мегардад. Дар ин бора Отахон Саидзода, роҳбари театри мазкур, иттилоъ дод.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик, роҳбари Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдуллоев 17 феврали соли соли 2022 дар синни 57-солагӣ, бар асараи сактаи дил, даргузашт.
Блоки рекламавӣ



