4-уми декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.
Олимпиадаи мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар доираи он намоиши маҳсулот ва хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ташкил карда шуд.
Дар баробари дигар ташкилотҳои қарзии кишвар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” низ дар намоишгоҳи мазкур фаъолона иштирок намуда, ба донишҷӯён ва иштирокдорон оид ба самтҳои фаъолияти худ ва намудҳои хизматрасониҳои бонкӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Иштирокдорон вобаста ба маҳсулоти қарзӣ, намудҳои пасандозҳо, имкониятҳои барномаи мобилии «Амонатмобайл», кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳо суолҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби намояндагони Бонк посухҳои мушаххас ва тавзеҳоти амалӣ дарёфт намуданд.
Қайд мегардад, ки ташкилу баргузории чунин чорабиниҳои маърифатию молиявӣ ва муаррифии хизматрасониҳои бонкӣ ба болоравии сатҳи маърифати молиявии ҷавонон ва ташаккули муносибати масъулона ба масоили молиявӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь