Рӯзҳои 20-21 аз ҷониби вилояти Хатлон дар Ҷумҳурии Қазоқистон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баргузор мешавад.
Сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Қазоқистон боис гардид, ки ду халқ дар фазои дӯстӣ ва бародарӣ зиндагӣ намуда, муносибатҳои таърихӣ ва арзишҳои муштараки худро боз ҳам густариш бахшанд.
Дар доираи ин ҳамкориҳо тибқи дархости ҷониби Қазоқистон аз 20-ум то 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии вилояти Хатлон доир мегардад
Ҳамзамон дар гӯшаҳои гуногуни намоишгоҳ барои сокинони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон молу маҳсулоти саноатии истеҳсоли Тоҷикистон муаррифӣ хоҳанд шуд.
Ин тадбири муҳим дар густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони ҳамкор заминаи мусоид фароҳам оварда, дар афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷии ду мамлакат нақши муайян мегузорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь